Салом эй кишвару эй мулки Эрон
Салом эй мардуми неки Хуросон

Агар дил бар маконе баста бошам
В-агар дар маҳфиле биншаста бошам

Агар бошад паёме бар забонам
Ва ё гар луқмае андар даҳонам

Ҳамеша дар назаргоҳам шумоед
Диловезони дилхоҳам шумоед

Хаёли ман сари кӯи накӯтон
Маро пеши назар рӯи накӯтон

Азизон, мо ҳама як реша дорем
Ҳама як фикру як андеша дорем

Чӣ тоҷику чӣ иронӣ чӣ афғон
Се тан, аммо даруни ҳар се як ҷон

Агар мо ваҳдати худ пос дорем
Чӣ бок аз душмани наснос дорем

Сайфуддини Акрамзод
Аз соқа то садр, саҳ. 546-547
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст