Хоҳарам, Маряму Заҳро чу шавад усваи ту

Нафурушӣ гуҳари хеш ба ҳар чашми палид

Ба Худо поктариниву наярзад, ки даме
Бибарад деви сияҳ аз дили ту, нури сафед

Иффату покии зан кӯҳна нагардад ба замон
То абад чодари Зайнаб, хушу зебову ҷадид

Он ки гӯяд ба ту бикшой зи сар, банди ҳиҷоб
Бегумон духта бар иффати ту чашми умед

Тори мӯе зи ту чун дидаи дуздон бинад
Абр гирён шавад аз ҳузну ғамӣ арши маҷид

Ту тавонӣ, ки шабе нек бихобӣ то субҳ
В-он гаҳ аз амд, набандӣ дари манзил ба калид?

Хоҳарам, хонаи тан, манзилаташ афзӯн аст
Он ки тан дод ба шайтон, ба Худо хайр надид

Ин ҳама ҷурму ҷиноят, ҳама аз шаҳвати мост
Ҳама аз маъсияти мост, ки ҳақ нест падид

Эй хушо он ки сари нафси ситамкораи хеш
Ба итоат зи Худо, бо шаъафу ишқ бурид

Эй хушо он ки миёни ҳаваси хешу Худо
Аз сари хеш гузашту нафаси ёр гузид

Эй хушо он ки ба айёми ҷавониву хушӣ
Ақли пириш чу хуршеди фалак гашт падид

Эй хуш он пир, ки баргашт ба роҳи маъбуд
Чунки беҳосилии ҷилвагариро фаҳмид

Ҳасрато он ки дамодам, раҳи Иблис супурд
Ҳасрато он ки даме амри Худоро нашунид

Ҳасрато он ки дами марг, нигоҳаш ҷӯён
То чӣ кас бар сару мӯяш кафани сард кашид

Хоҳарам, ҳол ки зебоиву қудрат дорӣ
Роҳи ҳақ рав, на дар он дам, ки дами марг расид

Мутмаин бош, ки ӯ, ҳаққи ту ноҳақ накунад
Аҷри тақвои занон нест кам аз аҷри шаҳид
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст