Абр гирён, ки шавад айби мусулмон бикунанд!Барфу борон, ки шавад айби мусулмон бикунанд!Барқи шамшери ғазаб боз кашад ҳар гоҳеРаъд ғуррон, ки шавад айби мусулмон бикунанд!Аз табаҳкориву найранги худобехабаронҚаҳтии нон, ки шавад айби мусулмон бикунанд!Қимати мол бихезад ба гаронӣ болоЁ худ арзон, ки шавад айби мусулмон бикунанд!Равнақи фисқ агар омири дилҳо гардадЗаъфи имон, ки шавад айби мусулмон бикунанд!Нокасоне, ки ҷаҳон зери тасарруф дорандШӯри туфон, ки шавад айби мусулмон бикунанд!Хотири лурд агар ҷамъ намояд макреҲам парешон, ки шавад айби мусулмон бикунанд!Фитна дар олами пурҳодиса ҳоким гардадМакри шайтон, ки шавад айби мусулмон бикунанд!Аз пайи маҳви башар аз ҳама ақсои ҷаҳонАҳду паймон, ки шавад айби мусулмон бикунанд!Касрати ҷабру ситам бо ҳама қудрат, ки дар ӯстБар мусулмон, ки шавад айби мусулмон бикунанд!Таркише рӯй диҳад, ё ки мабодо ногаҳТирборон, ки шавад айби мусулмон бикунанд!Зиллати рӯи ҷаҳон феъли сияҳкорон астДаъвӣ аз он, ки шавад айби мусулмон бикунанд!Ин чӣ ҳолест, ки бар рағми мусулмон то ҳастҲар чб фармон, ки шавад айби мусулмон бикунанд! Аҳлиддини ҲисорӣФаслномаи Рӯдакӣ, (1391 ҳ.ш.) саҳ. 97-99
-
-
-
بازدید: 1097