چاپ

Шукр мегӯям, ки дидам соли нав
Зинда мондам то ба ин иқболи нав

Баркушодам аз сари сидқу сафо

Аз китоби хоҷа Ҳофиз фоли нав

Гашт маълумам, ки мегардад наку

Рӯзгори мардум аз аъмоли ман

Мечаконад турку тоҷик аз ҳавас

Дар бари рухсораи худ холи нав

Сӯи самти дур парвозӣ шавад

Мурғи истеъдоди мо бо боли нав
Ашӯр Сафар
Аз соқа то садр, саҳ. 385 ба нақл аз "Гулбоғ", чопи Адиб, соли 1990, саҳ. 380
بازدید: 1130