Дар хиёбон чеҳра ороиш макун! Аз ҷавонон салби осоиш макун! Зулфи худ аз рӯймол берун марез Пеши чашмон ин ҳама афсун марез Ёд кун аз маргу аз рӯзи ҳисоб Ҷилваҳоят оташи сӯзон кабоб Нест бод он кас, ки бо дин ҷанг кардЗиндагиро баҳри занҳо танг кардОн забону он қалам к-аз заҳр пурГашта аз лутфи Худову халқ дурПайрави шайтону шаҳват гаштаандБеасолат бемурувват гаштаандХоҳарам, бо пӯшиши худ устуворБин бародар дар ҳимоят беқарорХоҳарам дигар ту кӯдак нестӣ Фоштар гӯям арӯсак нестӣ Хоҳарам, бар тан либоси танг чист? Пӯшиши ноқису рангоранг чист? Хоҳарам, ин қадр таннозӣ макун Бо Худову халқ ту бозӣ макун Хоҳарам, эй ахтари рӯи замин Ин ҳама шайтони инсу ҷин бубинХолиқат бошад туро пушту паноҳСатри аврат кун, амон аз ӯ бихоҳ!
-
-
-
بازدید: 1188