Хоҳарам, эй ҳадяи ПарвардигорҲам хазони зиндагониро баҳорНасли инсонро Худои меҳрубонАз ту дар ҳастӣ намуда ҷовидонҲаст шайтон дар камини одамӣТо абад дорад зи кини одамӣРонда шуд аз даргаҳи ПарвардигорНақшаи гумроҳиаш бошад ҳазорҲаст шаҳват шоҳкалиди кори ӯБеҳаёӣ гармии бозори ӯХоҳарам, пас ин суханро ҳуш дорТо нагардӣ дар ду олам шармсор Чист ин ороиши дур аз ҳудудИн ҳама ошуфтагӣ дар кори худЧист ин пироҳану шалвори тангИн ҳама пӯшиши ҳафтоду ду рангЗинататро хоҳарам Ҳақ гуфт: ПӯшБулҳавас хоҳад шавӣ арзонфурӯшҚимати ту камтар аз ҷаннат хатостРоҳи он дар пайравӣ аз МустафостҒайри ин худ гӯй, баҳри ту равост?Ин ҳама олуда гаштан пас чарост?Чашми нопок тири заҳролуду кинМекунад партоб Иблиси лаинПокдомонӣ наҷоту роҳи ҳақГир аз Заҳрову Зайнаб ин сабақҲаст тавфиқи Худо ҳамроҳи туЁвари ту холиқи огоҳи туПас таваккул бо амал бояд туроТо шавӣ аз доми шайтонӣ раҳоАрзиши гавҳар бидонӣ хоҳарамМешавад онро харидор доварамАбдусалом
-
-
-
بازدید: 1055