Биё, эй хоҳарам бар Ҳақ назар кунЗи ҷурму маъсият доим ҳазар кунРаҳи хушбахтӣ рав бо луфти АллоҳШавӣ аз нақшаи Иблис огоҳХудо пӯшидагиро дӯст дорадВале шайтон либос аз тан барорадБало овард бар Ҳаввову ОдамШуданд урёну шарманда ба як дамТу бояд арзиши худро бидонӣХудо ҳозир ба ошкору ниҳонӣХудоро банда шав то розӣ гардадВагарна зиндагият бозӣ гардадТу зебоии хеш бар ғайр пушонБари шавҳар, вале озоду хандонБасе ғоратгари номусу мол астБасе инсон ба сират чун шағол астҲаёву иффати ту қимати тустНа ин бозича будан қисмати тустТу зебои ҷавони пок бошӣБа чашми душманонат хок пошӣБидон, ки дузди номус дар камин астБасе пайрав зи шайтони лаин астТу насли баъдро тақдир созӣНакун бо худ ва насли баъд бозӣЗи Марям дарс гир аз порсоӣБа сони Осия ёбӣ раҳоӣХадиҷа Фотима ин чор сарварЗане дигар намебошад баробарБа дунболи ризои Ҳақ ТаолоНамуда фатҳ тамоми қуллаҳоро Худо пушту паноҳи туст хоҳарАгар Қуръону суннат гашт раҳбарДуои мо бувад хушбахтии туЗи Ҳақ осон шавад ҳар сахтии туҲама мо ахтарони осмонемҲама тақдирсозони замонемАгар арзиши гавҳарро надонемБа зиллат зери нангу ор монем Абдусалом
-
-
-
بازدید: 950