Аз мардуми бемор нависам-нанависам?
Аз зиллату озор нависам-нанависам?

Ҳар тифл ба гаҳвора кашад ранҷи асирӣ,
Аз ҳасрати бисёр нависам-нанависам?

Ёрони азизам ҳама гаштанд муҳоҷир,
Дар ҳасрати дидор нависам-нанависам?

Афзуд кунун нархи газу бензину симкорт,
Аз қимати бозор нависам-нанависам?

Чун синаи ман аз аламу дард фигор аст,
Аз синаи афгор нависам-нанависам?

Дар бистари ғам шаб ҳама шаб хоб надорам,
Аз ин дили бедор нависам-нанависам?

Дар ёди Ватан сӯзаму ашкам ҳама хун аст,
Аз дидаи хунбор нависам-нанависам?

Дар хоки Ватан манзили дилхоҳ надорам,
Аз тӯдаи бекор нависам-нанависам?

Дар ҳар қадаме ҳаст балое ба паси ман,
Ин қисса ба додор нависам-нанависам?

Рӯ тофт зи ман бахту дилам монд зи гетӣ,
Аз ёри ситамгор нависам-нанависам?

Булбул накунад ёд зи гул дар дили гулшан,
Аз зиннати гулзор нависам-нанависам?

Модар зи паи рӯзӣ сари роҳ барояд,
Аз модари ғамхор нависам-нанависам?

Қадрам чу намондаст зи як мушти каҳе беш,
Ин дафтари ашъор нависам-нанависам?

Душанбе. 29.08.2018 Исмоил Зарифӣ
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст