Накун такя ба каҷдевор, ки он девор мегардад!
Махӯр бисёр ғами дунё, ки дил бемор мегардад!

Матарс аз сардии даймоҳ, ки баъди ӯ баҳор ояд,
Ниҳоли ноумедихо зи нав пурбор мегардад!

Агар рӯзат ба нокомӣ гузашту рафт, диққат кун
Паси ҳар пардаи шоме, саҳар такрор мегардад!

Забони одамӣ дорад тавони душманӣ, ҷоно
Зи як гуфтори беҷое, сараш бар дор мегардад!

Ризои волидайн дорӣ, Худованд ҳам ризо аз туст,
Биҳишту неъмати ҷовид туро бисёр мегардад!

Ба каф дил ор бо андешаи дармон, маёзораш
Ҳазорон узр гар орӣ, дигар ағёр мегардад!

Ғанимат лаҳзаи умрат ба роҳи бандагӣ донӣ
Машав он кас, ки ҳини марги худ бедор мегардад!

Ҳазорон молу зар дорад, ба пеши рӯ сафар дорад.
Зи марги худ хабар дорад? Чунин беор мегардад!

Ғанимат лаҳзаи умрат ба роҳи бандагӣ донӣ
Машав он кас, ки ҳини марги худ бедор мегардад!
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст