Қасам ба рӯҳи қалам нораво нахоҳам гуфт
Ҳар он сухан написандад Худо нахоҳам гуфт

Қасам ба рӯҳи қалам то замони қатъи нафас
Агар ҳаво надиҳанд аз ҳаво нахоҳам гуфт

Ҳамеша дар назарам рӯи дӯст ҷилвагар аст
Ба рӯи оина ҳарфи риё нахоҳам гуфт

Замири мост чу худ дафтари мусаввари дӯст
Ҳузури муддаиён муддао нахоҳам гуфт

Ҷаҳон гирифта нидои аласту бираббикум
Миёни сели бало ҷуз бало нахоҳам гуфт

Агарчи дар ҳама офоқ қаҳти меҳру вафост
«Ба ҷуз ҳикояти меҳру вафо нахоҳам гуфт»
Рустами Ваҳҳоб
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст