Бахшида ба мавлуди Паёмбари Аъзам (с)Хуршеди ҳар ду олам, ё Мустафо Муҳаммад!Бо исми ту биболам, ё Мустафо Муҳаммад!Ман уммати гунаҳкор, дар рӯзи Ҳашр як бор, Раҳме бикун ба ҳолам, ё Мустафо Муҳаммад! Хоки раҳи туро ман, аз таҳти ҷону ҳам дил, Бар дидаам бимолам, ё Мустафо Муҳаммад! Аввал Худо мададкор, дуюм туӣ сабабгор, Эй ёри бемисолам, ё Мустафо Муҳаммад! Ман ошиқи каломат, гӯям дуруд ба номат, Аз тарси Ҳақ бинолам, ё Мустафо Муҳаммад! Эй ғамгусори уммат, дар лаҳзаи қиёмат, Ғамхори безаволам, ё Мустафо Муҳаммад!Кӯҳзоди пургуноҳам, афтода зери чоҳам,Бишкаста ҳар ду болам, ё Мустафо Муҳаммад! Кӯҳзоди Фатҳуллоҳ -11.01 .2014
-
-
-
بازدید: 1121