Аз азал то ба абад қисмати ман Эрон астКи нишонаш пари симурғу дили шерон астҲама гӯянд, ки Эрон чӣ бузург аст, бузургИн ҳама дар сухану дар хиради пирон астТо абад душманат эй кишвари зебо ҳаттоАз баландии мақоми ту басе ҳайрон астБахти бад бин, ки миёни туву ман фосилаҳостТахти Сомону Қубоди ману ту Эрон астДӯстам қимати ҳамбастиву ҳамдастӣ донКи ҳамин рӯзии мо аз фалаку даврон астРаҳи меҳри ману ту мегузарад аз роҳеК-аз Бухорову Душанбе ба дили Теҳрон астМеҳмон БахтӣАз соқа то садр, саҳ.505-506
-
-
-
بازدید: 1106