Романи «Ғуломон», аз осори муҳим ва арзишманди Садриддин Айнӣ, дар интишороти «Орван»-и Теҳрон дар соли равон мунташир шуд. Матни ин китоб бо муқаддима, тасҳеҳ, таҳқиқ ва тавзеҳи Мустафо Бобохонӣ ба хатти форсӣ ва дар 756 сафҳа омода шудааст.
Романи «Ғуломон» китобе бузургҳаҷм ва васеъ аст ва зиндагии аҷиб ва ибратомӯзи се насли мардуми заҳматкашро дар даврае беш аз сад сол ба тасвир кашидааст. Ин китоб, ки дар соли 1934 навишта шудааст, дар бораи рӯзгори бардафурӯшӣ ва ғуломдорӣ дар оғози садаи нуздаҳуми мелодӣ то нахустин комёбиҳои деҳқонон ва коргарони тоҷик (1933) дар Бухорост. Романи «Ғуломон» ба доштани ҷузъиёти дақиқ дар бораи рӯзгор ва зиндагии мардуми тоҷик мумтоз аст ва безорӣ аз бардадорӣ ва зердастозорӣ ва имони комил ба озодӣ аз ҳар сатри он ҳувайдост. Бештари мунтақидон «Ғуломон»-ро ҳамчун як асари адабии барҷаста сутудаанд. Ин асар, ки ба чандин забон тарҷума ва чоп шудааст, аз намунаҳои хуби сабки реализми сотсиалистӣ ба шумор меравад.
Садриддин Айнӣ яке аз бузургтарин шоирон, нависандагон, мунтақидон, таърихнависон ва забоншиносони тоҷик аст ва осоре дар ҳар як аз ин заминаҳо падид оварда, ки бештари онҳо саҳми бузурге дар дигаргуниҳои адабӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Варорӯди қарни бистум доштааст. Вай бунёнгузор ва пешгоми адабиёти муосири форсӣ-тоҷикӣ будааст ва аз бузургмардон ва таърихсозонест, ки дар Тоҷикистон унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон»-ро бад-ӯ додаанд ва ӯро «устод» ва «падари миллат» хитоб мекунанд. Вай барои ҳифз ва густариши забон ва адабиёти форсӣ ва дар роҳи худшиносии таърихӣ ва маънавӣ ва эҳёи худогоҳӣ ва ҳувияти миллии тоҷикони Варорӯд кӯшишҳо карда ва муборизаҳо намудааст.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст