Ба эҳтироми Муҳаммад замин табассум кард
Ту омадиву ҷаҳон дасту пои худ гум кард

Тарак нишаст ба чашмони обии Сова
Ҳамин ки чашми ту бар осмон тараннум кард

Ҳанӯз духтаракон зинда-зинда мемурданд
Худо ба халқи ту бар халқи худ тараҳҳум кард

Ту омадӣ, ба замин к-эҳтиром баргардад
Ту раҳмате, ки Худоят насиби мардум кард

Худо ба халқ расули гиромии хотам
Тамом раҳмату фазлаш кунун танаъум кард

Ҳар он ки аз паи роҳат нарафт эй сарвар
Ба дасти хеш худашро зи лутф маҳрум кард

Ту Аҳмадиву ба нури ҷамоли ту салавот
Ба ҳар як аз баракоту камоли ту салавот

Аллоҳумма саллӣ Ало Муҳаммад ва Оли Муҳаммад
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст