Ман Расули амини АллоҳамАз ҳақоиқ ба лутфаш огоҳамСӯи нуру ҳидояти доимМебарам ҳуҷҷатам бувад қоимМан баширу назиру пайғамбарОхиринам, вале шудам сарварРоҳи ҳақ интихоб бинмоедСӯи раҳмат шитоб бинмоедҲаст Иблис душмани ОдамМедамад инҳирофро ҳар дамБаҳри иршоди ҷумлаи инсонМан Расулам зи холиқи маннонСоҳирам хондаеду ҷодугар Бар сарам рехтед хокистар Гоҳ кардед сангборонам Гаҳ шикастед дурри дандонам Мисли ман аз мунофиқу куффор Ҳеҷ пайғамбаре надид озор Ҳол чун меравам аз ин дунё Аҷру музде нахостам зи шумо Ҷуз, ки бо итратам маваддататон Ҳурмату тоату муҳаббататон Ду амонат марост байни шумо Тоат аз ин ду ҳаст, дайни шумо Ин ду аз амри довари маннон Яке итрат бувад, яке Қуръон Ин ду бо ҳам чу ин ду ангуштанд То абад муттасил ба як муштанд Гар ҳидоят талаб зи ҳақ доредДилу ҷонро ба ин ду биспоредҲавзи Кавсар ба назди ман ояндПайравон дар биҳишт осояндАмри ҳақ ҷовидона мебошадМӯъминонро нишона мебошад
-
-
-
بازدید: 1114