Ман Расули амини Аллоҳам
Аз ҳақоиқ ба лутфаш огоҳам

Сӯи нуру ҳидояти доим
Мебарам ҳуҷҷатам бувад қоим

Ман баширу назиру пайғамбар
Охиринам, вале шудам сарвар

Роҳи ҳақ интихоб бинмоед
Сӯи раҳмат шитоб бинмоед

Ҳаст Иблис душмани Одам
Медамад инҳирофро ҳар дам

Баҳри иршоди ҷумлаи инсон
Ман Расулам зи холиқи маннон

Соҳирам хондаеду ҷодугар
Бар сарам рехтед хокистар

Гоҳ кардед сангборонам
Гаҳ шикастед дурри дандонам

Мисли ман аз мунофиқу куффор
Ҳеҷ пайғамбаре надид озор

Ҳол чун меравам аз ин дунё
Аҷру музде нахостам зи шумо

Ҷуз, ки бо итратам маваддататон
Ҳурмату тоату муҳаббататон

Ду амонат марост байни шумо
Тоат аз ин ду ҳаст, дайни шумо

Ин ду аз амри довари маннон
Яке итрат бувад, яке Қуръон

Ин ду бо ҳам чу ин ду ангуштанд
То абад муттасил ба як муштанд

Гар ҳидоят талаб зи ҳақ доред
Дилу ҷонро ба ин ду биспоред

Ҳавзи Кавсар ба назди ман оянд
Пайравон дар биҳишт осоянд

Амри ҳақ ҷовидона мебошад
Мӯъминонро нишона мебошад
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст