Ба рӯзи марг чу тобути ман равон бошад,Гумон мабар, ки маро майли ин ҷаҳон бошад.Барои ман ту магирю магӯ дареғ дареғБа доми дев дарафти дареғ он бошад.Ҷанозаам чу бубинӣ магӯ фироқ-фироқМаро висолу мулоқот он замон бошад.Маро ба гур супорӣ магӯ видоъ-видоъКи гур пардаи арвоҳи боқиён бошад.Фуру шудан чу бидидӣ баромадан бингарҒуруби шамсу қамарро куҷо зиён бошад.Туро ғуруб намояд, вале шуруқ бувадЛаҳад чу ҳабс намояд халоси ҷон бошад.Кадом дона фурӯ рафт дар замин, ки нарустЧаро ба донаи одам ҳамин гумон бошад.Кадом далв фуру рафту пур бурун н-омадЗи чоҳ Юсуфи ҷонро куҷо зиён бошад.Даҳон чу бастӣ аз ин сӯй он тараф бикшоКи ҳою ҳуйи ту дар авҷи ло макон бошад. Мавлоно Балхӣ
-
-
-
بازدید: 1052