Агар гумроҳу нодонам, Худоё, дастгирам бош!Намоӣ лутфу эҳсонам, Худоё, дастгирам бош!Хатарнок аст ин водӣ, биҷӯям роҳи озодӣЗи банди нафсу шайтонам, Худоё, дастгирам бош!Дар ин дори гузар оре ба ёди хештан бореНаёвардам пушаймонам, Худоё, дастгирам бош!Куҷо роҳат дар ин дунё, басе саргаштаву танҳоТуӣ оромиши ҷонам, Худоё, дастгирам бош!Гунаҳ кардам ба пинҳонӣ, хато кардам ту медонӣБа пайдову ба пинҳонам, Худоё, дастгирам бош!Карам бар нотавон бошад каримонро басе одат,Ту оғозу ту поёнам, Худоё, дастгирам бош!Зи нафсу шавҳатам ҳар дам басе осебҳо дидам,Ба гоҳи ҷанги шайтонам, Худоё, дастгирам бош!Зи бори ҷурму беморӣ амалҳои риёкорӣЗи корам бас пушаймонам, Худоё, дастгирам бош!Аҷал ояд маро ногоҳ агарчӣ нестам огоҳБасе гӯям ба ашку оҳ, Худоё, дастгирам бош!Ба вақти кандани ҷонам бидеҳ аз лутф имонамНамоӣ авф исёнам, Худоё, дастгирам бош!Зи ризвонат умед дорам ба васлу боғу бустонатҲар он чӣ кам бувад онам, Худоё, дастгирам бош!Абдусалом
-
-
-
بازدید: 1139