Он чӣ дар суги ту эй поктар аз пок гузашт
Натавон гуфт, ки ҳар лаҳза, чӣ ғамнок гузашт
Чашми таърих дар он ҳодисаи талх чӣ дид
Ки замон мӯякунон аз гузари хок гузашт
Сари хуршед бар он найзаи хунин мегуфт
Ки чиҳо бар сари он пайкари сад чок гузашт
Ҷилваи рӯҳи Худо дар уфуқи хуни ту дид
Он ки бо пои дил аз қиблаи идрок гузашт
Марг ҳаргиз ба ҳарими ҳарамат роҳ наёфт
Ҳар куҷо дид нишоне зи ту чолок гузашт
Ҳур озода шуд аз чашмаи меҳрат сероб
Ки ба майдони аташ пок шуду пок гузашт
Об шармандаи исори аламдори ту шуд
Ки чаро ташна аз ӯ ин ҳама бебок гузашт
Бар ту бастанд агар об, саворони араб
Дашт дарё шуду об аз сари афлок гузашт
Бо ҳадисе, ки малоик зи азал оварданд
Сухан аз қиссаи ишқи ту зи лавлок гузашт
Насруллоҳи Мардонӣ
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст