Лаҳзаи мушкил чу дидам ошно бегона шудХонаи шоҳонаи ман дар даме вайрона шудҲар чӣ аз меҳру вафо мегуфт бо шавқу ҳавасБо худу паймонҳояш баҳри ман афсона шудҶону нонамро фидои дӯстӣ кардам, валеПушти по зад бар ҳама гӯӣ кару девона шудРизқ он дам мешавад афзун, ки бошем қадрдонНосипос дар ин ҷаҳон муҳтоҷи арзандона шудТо шавад обод манзил хуни дилҳо хӯрдаамБемурувват қаҳр карду бенасиб аз лона шудРӯзи сахти ман куҷо донанд беғамҳо кунунҲамчу шаб торик бингар кулбаи ғамхона шуд Абдусалом
-
-
-
بازدید: 1156