Ҷонро фидо мекардаме дар ҳар канори КарбалоХудро шаҳид мекардаме дар он ғазоти КарбалоШоҳ Ҳусайн мегуфтаме, дар хок меғалтидамеҲам ҷону дил мекардаме он ҷоннисори КарбалоШамшерҳо мебастаме дар ҷанг мепайвастамеХунҳо равон мекардаме дар ҷӯйбори КарбалоҶанги Язид мекардаме, шукри Маҷид мекардамеХудро шаҳид мекардаме дар он мазори КарбалоИн фитнаҳо ангехтан, хуни шаҳидон рехтанБо хоку хун омехтан дар сангу хори КарбалоЗ-ин дори дунё хез-хез, гар умматӣ з-ин ҷон гурезСад ҷӯи хун аз дида рез дар кӯҳсори Карбало“Шаҳдӣ” биё афғон бикун, ҳам ҷону дил қурбон бикунҲам чашми худ гирён бикун дар рӯзгори КарбалоЭшони Шаҳдӣ
-
-
-
بازدید: 1085