چاپ


Ба зуҳри рӯзи Ошуро
Гули сурхам шуда пар-пар
Гуламро кардаам пайдо
Ба зери найзаву ханҷар
Худам дидам ба чашми тар
Гулуяшро дами ханҷар
Ҳусейнҷонам Ҳусейнҷонам

Дар он саҳро ба мавҷи хун
Ҳусейнам дасту по мезад
Саропо ғарқи ҷонон буд
Худо ӯро садо мезад
Ниҳода теғ бар ҳанҷар
Ҷудо карданд аз эшон сар
Ҳусейнҷонам Ҳусейнҷонам

Гулуяшро задам бӯса
Ба ҷои модарам Заҳро
Дилам решу вуҷудам сӯз
Ки монда бе касу танҳо
Кунун маҳбуби Пайғамбар
Зи теғи кин шуда бесар
Ҳусейнҷонам Ҳусейнҷонам
بازدید: 1181