Навои Найнаворо дӯст дорам
Шаҳиди Карбалоро дӯст дорам

Агар ҷоми бало аз чашми ёр аст
Ман ин ҷоми балоро дӯст дорам

Дуо яъне такаллум бо Худованд
Такаллум бо Худоро дӯст дорам

Агарчӣ хораму аз хор камтар
Гули боғи вафоро дӯст дорам

Муҳаббатро аҷаб ҳолу ҳавоест
Ман ин ҳолу ҳаворо дӯст дорам

Худо медонад, эй хатми набийин
Ба ҷон Оли аборо дӯст дорам

Худоё, рӯзи маҳшар бош шоҳид
Ҳусайни Муртазоро дӯст дорам
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст