Муслим миёни кӯчаҳо
Танҳо зи қавми бевафо
Гуфто ба сад сӯзу наво
Эй ҳуҷҷати дини Худо
Мавло Ҳусейн, Кӯфа наё!
Мавло Ҳусейн, Кӯфа наё!

Ин кӯфии паймоншикан
Бишкаста он аҳди куҳан
Доранд қасди қатли ман
Гӯям кунун бо ту сухан
Мавло Ҳусейн, Кӯфа наё!

Эй нури чашми Мустафо
Эй зодаи хайруннисо
Аз насли поки Муртазо
Инак ба лаб дорам дуо
Мавло Ҳусейн, Кӯфа наё!

Гаштам чу мурғе дар қафас
Дигар надорам ҳамнафас
Бе ёраму бе додрас
Ин ҷо пур аст аз хору хас
Мавло Ҳусейн, Кӯфа наё!

Шуд Кӯфа шаҳри мурдагон
Аз мардӣ нест дигар нишон
Муслим асири душманон
Зулми зиёду беамон
Мавло Ҳусейн, Кӯфа наё!

Ин кӯфиёни бадгуҳар
Сангам заданд аз бому дар
Мазлумии манро нигар
Аз ман шунав инак хабар
Мавло Ҳусейн, Кӯфа наё!
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст