Эй аз азал ба меҳри ту дил ошно, Ҳусейн!
В-эй то абад ливои азоят ба по, Ҳусейн!
Ҳар моҳ дар азои ту моҳи Муҳаррам аст
Ҳар ҷо бувад ба ёди ғамат Карбало, Ҳусейн!
Амвоҷи ашк аз сари ҳафт осмон гузашт
Он дам, ки кард ҷисми ту дар хун шино, Ҳусейн!
Ҳасрат барам ба мухтасаре к-охирин нафас
Рӯи ту диду ханда заду гуфт: Ё Ҳусейн!
Ман кистам, ки гиря кунам дар азои ту
Гирянд рӯзу шаб ба ғамат анбиё, Ҳусейн!
Сангам агар зананд ба ҷое намеравам
Охир ту худ бигӯ, ки равам бар куҷо, Ҳусейн!
Тан хаста пушт хам шуда бори гунаҳ ба душ
Раҳме ба ҳоли Майсами бе дасту по, Ҳусейн!
Ғуломризо Созгор
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст