Зи ғам дилҳо парешон аст, имрӯз
Ҳусейн то зуҳр меҳмон аст, имрӯз
Ба қурбонгоҳи майдони шаҳодат
Равон ҷамъи шаҳидон аст, имрӯз
Алиакбар ҷавони маҳлиқояш
Ба хуни хеш ғалтон аст, имрӯз
Ду даст аз пайкари Аббоси маҳзун
Фитода дар биёбон аст, имрӯз
Алиасғар гуноҳаш чист? Гӯед!
Ба рӯи даст нолон аст, имрӯз
Ҳусейни ташналаб, султони хубон
Ба зери теғи дунон аст, имрӯз
Бибояд зинда кардани ёди хубон
Маро дастури Қуръон аст, имрӯз
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст