Дар Минои ишқ ҷон додан хуш аст
Ғарқи хун дар саҷда афтодан хуш аст
Додани сар бар сари паймони ишқ
Хунчакон бар найза истодан хуш аст
Бо тани бесар бар қурбонгоҳи ишқ
Синаро бар хок бинҳодан хуш аст
Бо камоли шавқ дар як нисфи рӯз
Ҷони ҳафтоду ду тан додан хуш аст
Дар бари оири балои ишқи дӯст
Синаро мардона бикшодан хуш аст
Навҷавони маҳҷабинро ташнаком
Ҷониби мақтал фиристодан хуш аст
Ширхора кӯдаки лабташнаро
Об бо тири бало додан хуш аст
Бе алам бе дасту об аз садри зин
Рӯи сурат бо сар афтодан хуш аст
Ҳабиби Муаллимӣ
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст