Эй дида хун бибор, ки моҳи Муҳаррам аст
Назди Худой дидаи гирён мукаррам аст
Бе дидаи пуробу нафасҳои оташин
Гар лофи меҳри шоҳ занӣ номусаллам аст
Бар ёди нури чашми Паямбар зи оби чашм
Биллаҳ агар ҷаҳон ҳама дарё кунӣ кам аст
Бишнос дар мусибати султони Карбало
Қадри сиришки хеш, ки иксири аъзам аст
Бешарм дидае, ки нагиряд дар ин азо
Холӣ ҷаҳон аз он ки дилаш холӣ аз ғам аст
Ҷое ки сарвқомати Акбар фитад зи пой
Шарманда бод сарв, ки сарсабзу хуррам аст
Суруши Исфаҳонӣ
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст