Алӣ (к) марди далеру хоксор аст
Барои нусрати ҳақ пойдор аст

Бувад мелоди масъудаш ба Каъба
Саранҷомаш шаҳодат ифтихор аст

Ба фармони Худованду Паёмбар
Ба зидди душманон дар корзор аст

Бувад Қурону гуёи ҳақиқат
Ба васфаш лофатои кирдигор аст

Ба илму ҳикмату тақвову сабраш
Ба ҳайрат ҷумла аҳли рӯзгор аст

Тамоми муслимини ҳақпарастро
Имому пешвову ифтихор аст
Шаҳриёр
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст