Ватан-Модар азодор аст, мегиряд,
Тану ҷонаш чӣ бемор аст, мегиряд.

Ҳувайдо, кӯдаки сарсону нокомаш,
Кафанпечида хуншор аст, мегиряд.

Касифе панҷа бар ҷони зарифаш зад,
Ҳар он фарде, ки боор аст, мегиряд.

Саропо ташнакоми интиқомам, оҳ!
Равонам хаста ғамдор аст, мегиряд.

Бурун шуд оҳи сӯзон аз дили Модар,
Ду чашмаш сахт хунбор аст, мегиряд.

Падар дар оташи андӯҳ месӯзад,
Басо ошуфта ночор аст, мегиряд.

Ғарибони ватанпазмон Ватан доим,
Ба дидори шумо зор аст, мегиряд.

Разолат дар ҷаҳони паст афзояд,
Адолат ин замон хор аст, мегиряд.

Ҳувайдо духтари ҳар Тоҷикистонист,
Дили ҳар тоҷик афгор аст, мегиряд.
Синои Абӯалӣ
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст