Эй гули пар-пари ман
Ҳувайдо духтари ман
Гашт ормони умрам
Ки бошӣ дар бари ман

Ранҷи туро кашидам
Панҷи туро надидам
Доғи фироқи рӯят
Бо талхие чашидам

Қомати раънои ту
Чашмони шаҳлои ту
Бар қалб монд ҳасрат
Рафтани танҳои ту

Бо падарат бибин зор
Гаштем ҳар ду афгор
Аз доғи ту азизам
Зиндагиям шуда тор

Қотили бераҳми ту
Бурда туро ба ҷоду
Оҳи ту бар дили ман
Як умр ҳаст бону

Ғурбату ранҷи бисёр
Шабҳо нишаста бедор
Мемурдам замоне
Ки мешудӣ ту бемор

Ҳоло дигар набинам
Духтари нозанинам
Рӯҳи ту шод бодо
Сабри Худо қаринам
Абдусалом
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст