Эй сафои рӯзгорам, зинда бош!Ҳадяи Парвардигорам, зинда бош!Ҷони ман муҳтоҷи меҳри гарми ту,Беҳтарини ҳар чӣ дорам, зинда бош!Баҳри ту аз ҷон сароям бо ҳавас,Чашмаи шеъру шиорам, зинда бош!Меҳрубону бекаронӣ баҳри манТакягоҳи бурдборам, зинда бош!Сад ҷафову ранҷ дидӣ баҳри манГанҷи умру рӯзгорам, зинда бош!Модари ҷонам, бибахш аз ман хатоГавҳари шабзиндадорам, зинда бош!Розӣ шав, эй модари нурониямБо ту ман умедворам, зинда бош!Меҳри ту дар синаву қалбу забонДоимо ман қарздорам, зинда бош!Саидалӣ Саъдуллозод
-
-
-
بازدید: 1221