Дар 25 Шавволи соли 148 ҳ.қ. имом Ҷаъфари Содиқ (а) бо заҳри кини душмани пасту забуни ҳидояту ҳақиқат ба шаҳодат расид. Шаҳодати имом Содиқ (а)-ро таслият мегӯем!
Агарчӣ аслу насаб аз табори улфат дошт
Ба бевафоии ин рӯзгор одат дошт

Дубора синаи дарёиаш пур аз ғавғост
Ки байни он ҳама шогирд боз ҳам танҳост

Шабу сукуту муноҷоти дилнавозаш буд
Фазои шаҳр пур аз атри ҷонамозаш буд

Зи сӯзи ашк, тани пирамард меларзид
Ва по ба пои танаш хоки сард меларзид

Нишонаҳо ҳама оёти шоми охар буд
Ки ин ҳама ба лабаш зикр вои модар буд

Сари намозу дуо буд даврааш карданд
Чӣ қадр мардум ин қавм пасту номарданд

Чӣ қадр сода шикастанд хилвати ӯро
Ва зери пой ниҳоданд ҳурмати ӯро

Танобу ин ҳама одам дигар барои чист?
Барои бурдани як пирамард лозим нест

Дубора доғи Мадина Худо ба хайр кунад
Имому душману кина Худо ба хайр кунад

Бирав фаришта биёвар абои мавлоро
Дубора ҷуфт намо кафшҳои мавлоро

Касе намедиҳад ин ҷо баҳо ба мӯи сафед
Ки боз кори имоме ба қатлгоҳ кашид

Имоми пири пиёда нафас-нафас мезад
Замин, ки хӯрд иҷозат надошт бархезад

Ба рӯи хок кашиданд ҷисми мавлоро
Дубора тоза намуданд доғи Заҳроро

Шабона рафту ғарибона то Худо пар зад
Аз ин қафас ва аз ин шаҳри бевафо пар зад

Дубора боз азо байни арш барпо шуд
Шаҳиди роҳи ҳидоят азизи Заҳро шуд
Муҳаммад Носирӣ
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст