Сад дареғо моҳи ғуфрон меравад
Лаҳзаҳои хуби меҳмон меравад
Бо дуову бо намозу зикри ҳақ
Буд Қуръонро баҳорон меравад
Ғунчаҳои бандагӣ бишкуфт боз
Фасли сарсабзии имон меравад
Бо нидои алвидоъу раббано
Моҳи раҳмат бас шитобон меравад
Ҳар чӣ ояд дар ҷаҳони зудгузар
Дер ё зуд эй азизон меравад
Аз Худо хоҳем тавфиқи қабул
Раҳматаш монанди борон меравад
Баста буд дарҳои дӯзах ин замон
Моҳи банди нафсу шайтон меравад
Эй Худо, дарҳои ҷаннатро мабанд
Гарчӣ моҳи равҳу райҳон меравад
Абдусалом
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст