Гӯшаи ғори Ҳиро
Ҳаст машғули намоз
Мешавад дарҳои арш
Сӯи ӯ оҳиста боз

Ғорро пур мекунад
Ногаҳон фармони ваҳй
Бо тароват мешавад
Қалбаш аз борони ваҳй

Бозмегардад ба шаҳр
Бар лабаш пайғоми дӯст
Меравад то пур кунад
Шаҳрро аз номи дӯст
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст