چاپ

Забони ҳоли зани танҳои тоҷик, ки дил аз ин ҳоли ӯ реш аст!
Ид омаду ҳамсарам ба бар нест
Аз ҳоли ғариби ман хабар нест
Хушҳол ба рӯзи ид, аммо
Аз ханда дигар ба лаб асар нест
Эй бор Худои аршу курсӣ
Ғайри ту маро каси дигар нест
Бо қудрати худ ҳимояташ кун
Бе ёрии ту даме зафар нест
Ояд ба суроғи дили зорам
Бе ёр ба ин ҷаҳон самар нест
Донӣ чӣ кашидаам азизам
Бар дидаи ман ҷуз ашки тар нест
Поёни шаби сияҳ сафед аст
Аз баҳри дуо беҳ аз саҳар нест
Хоҳам зи Худо саломати ту
Фикрам ба суроғи симу зар нест
Боз о, ки шавад ба хонаам ид
Дурӣ зи азизи худ ҳунар нест
Абдусалом

بازدید: 1381