Агар фикре ту дар олам намоӣ
Кунад сӯи Худоят раҳнамоӣ
Биёбӣ ту Худоро маҳрами роз
Дар раҳмат ба рӯят мешавад боз
Ба ёди ӯ шавад ором ҳар дил
Ба лутфаш мешавад ҳал ҷумла мушкил
Дар олам ҳар чӣ мебинӣ саропо
Шавад фониву боқӣ ӯст танҳо
Шавад бар зеҳну қалбат зикри Раҳмон        
Шавӣ эмин зи макру шарри шайтон
Даме, ки рӯ ба даргоҳаш биёрӣ
Кунад дар зиндагӣ пайваста ёрӣ
Саодатманд дар ҳар ду ҷаҳонӣ
Зи макру шарри шайтон дар амонӣ
Тамоми зиндагӣ ту дар намонӣ
Шаҳриёр

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст