Ба осмон расад сарам ба ахтарон баробарам
Даме дароӣ аз дарам, бародарам, бародарам
Ману турост дар ҷаҳон як осмони бекарон
Ману туем ҳамравон, бародарам, бародарам
Кушода шуд чу дидаам зи пушти ту давидаам
Зи ту ба худ расидаам, бародарам, бародарам
Барои ман ба рӯзгор кашида ранҷи бешумор
Намудаем дил устувор, бародарам, бародарам
Туӣ надору дори ман яки ману ҳазори ман
Зи ту бувад виқори ман, бародарам, бародарам
Маро ба мулки куҳсор зи волидайни дилфигор
Туӣ фақат ба ёдгор, бародарам, бародарам
Мирзо Шералии Раштӣ
Аз соқа то садр, саҳ. 627

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст