“Шаби ҳиҷрон гузарад васли саҳар хоҳад шуд
Навбаҳор ояду айём дигар хоҳад шуд”
Ҳусни рангини ту дар дида кунад ҷилвагарӣ
Мардумак оинаи буқаламун хоҳад шуд
Мову оинаи тан ҳама тан ҳайронем
Туву он ҷилва надонем, ки чун хоҳад шуд
Дил, ки пайваста ба уммеди висолат хуш буд
Оқибат оҳ зи ҳиҷрони ту хун хоҳад шуд
Дод аз он турраи таррор, ки дар даври рухат
Риштаи силсилаи аҳли ҷунун хоҳад шуд
Асари сӯзи дил аз дидаи гирён пайдост
Ҳар чӣ дар шамъи дарун аст бурун хоҳад шуд
Наравад ҷои дигар аз сари кӯяш Мухлис
Ба масал Хизраш агар роҳнамун хоҳад шуд
Мулло Яъқуби Бухорӣ
Аз соқа то садр, саҳ. 38

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст