Тақдим ба дӯсти азизам!
Қади сарваш Худоё хам магардон
Даме муҳтоҷи ноодам магардон
Ба лабҳояш табассум бод ҳар дам
Дилаш ҷои ғаму мотам магардон
Наку бинмой ҳолу моли ишон
Саховат аз вуҷудаш кам магардон
Намо нафсу ғазаб доим асираш
Саодат аз дараш як дам магардон
Шавад шодоб бо ёру азизон
Ба ноаҳлон варо ҳамдам магардон
Ҳидоятҳои Қуръон кун қаринаш
Варо шармандаи Хотам(с) магардон
Рафиқи меҳрубонат бениҳоят
Худоё, душманаш як зам магардон
Бидон дар қалби мо меҳри мудомат
Туро ин ҳадя ман додам магардон
Абдусалом

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст