Мечакад об аз ду чашмонам ҳанӯз,
Меравад хун аз дилу ҷонам ҳанӯз.
Рафт як сол баъди аз ман рафтанат,
Ҳасрати ту ҳаст дар ҷонам ҳанӯз.
Ёди ту месозаму хун мехӯрам,
Рӯзу шаб дар оҳу афғонам ҳанӯз.
Акси ту дар пеши чашмам ҷилвагар,
Бӯи ту орад шабистонам ҳанӯз.
Рӯ ба рӯям ҷилва созад чашми ту,
Маҳви сеҳри он ду чашмонам ҳанӯз.
Изи гармиҳои дастону лабат,
Ҳаст дар лабҳову дастонам ҳанӯз.
Дар ҳавои бӯсаат лаб мегазам,
Бусаатро сахт пазмонам ҳанӯз.
Бистарамро нест гармие дигар,
Даст дар ҷои ту мемонам ҳанӯз.
Шавқи оғушат хурӯшад дар дилам,
Дар тақозои туям, ҷонам, ҳанӯз.
Ҳамчу шамъи нимсӯзе то саҳар,
Хастаҷони нобасомонам ҳанӯз.
Соате аз ёди ту ғофил наям,
Ҳамчунон пурдарду армонам ҳанӯз.
Риштаи умеди ман бигсастаӣ,
Синареш, хотирпарешонам ҳанӯз.
Кӯча - кӯча меравам бо ёди ту,
Сар ба саҳрову биёбонам ҳанӯз.
Қудрати рафтан надорам ман дигар,
Ҳар куҷо афтону хезонам ҳанӯз.
Аҳди худ нашкастаам то ҳол ман,
Доимо дар аҳду паймонам ҳанӯз.
Чашми худ аз ғайри ту дорам ниҳон,
Ҳам зи ғайри ту гурезонам ҳанӯз.
Бевафо, куштӣ маро як сол пеш,
Лаҳзаҳои сахт он сонам ҳанӯз.
Ин дили ғамноки ман бишкастаӣ,
Хун чакад бар рӯи домонам ҳанӯз.
Қадри манро ту надонистӣ, дареғ,
Пуралам беқадр инсонам ҳанӯз.
Гарчи бар васлат надорам эътимод,
Боз бо ишқи ту сарсонам ҳанӯз.
Бо дили гумроҳи саргардони хеш,
Баҳри ту дастогиребонам ҳанӯз.
Нестам гарчи дигар Шайдои ту,
Дар паят бо сӯзу армонам ҳанӯз...
Шайдои Хатлонӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст