Яке дар ҳасрати модар бимирад,
Дигар асло суроғашро нагирад

Яке бар дидани рӯи падар зор
Дигар аз диданаш гардида безор

Яке хоҳар бародарро биҷӯяд
Дигар пайваста зиштиаш бигӯяд

Яке баҳри зану фарзанд пазмон
Дигар созад варо ғамгину нолон

Яке дар орзуи сарвату мол
Дигар аз дасти он бемору бадҳол

Яке ҷӯёи кору дӯсти хуб аст
Дигар бо як баҳона мекашад даст

Яке ҳамсояаш чун нори дӯзах
Дигар меҳре надорад монда чун ях

Яке танҳо нишаста ёди ёр аст
Дигар аз ҳамраҳияш дар фирор аст

Яке аз куфру бединӣ пушаймон
Дигар аз дину имонаш гурезон

Худоё, раҳнамоям бош ҳар дам
Раҳо кун аз гирифториву мотам
Абдусалом

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст