Эй баҳори орзуи насли фардо, духтарам
Эй фурӯғи ишқ аз рӯи ту пайдо, духтарам
Чашму гӯши хешро бикушой к-аз рӯи ҳасад
Нашканад оинаатро чашми дунё, духтарам
Даст дар дасти ҳаё бигзору кӯшиш кун мудом
То наяфтӣ дар раҳи озодӣ аз по, духтарам
Кӯҳи ғам дори агар бар дӯши дил ҳамчун падар
Дам мазан то метавонӣ аз дареғо, духтарам
Бо мудоро мешавӣ осудадил, пас кун бино
Пояи рафтори худро бар мудоро, духтарам
Роҳу ризвони Худои хеш доим пеша кун
Баҳри ту сармашқи неку ҳаст Заҳро, духтарам

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст