Тақдим ба ҳамаи азизоне, ки чашм бар роҳи мусофири ғариб буданду рафтанд...
Ёдашон гиромӣ ва рӯҳашон шод!
Пушаймон гар шавӣ рӯзе, биё сӯи мазори ман,
Туро бахшидаам ҷонам, даме биншин канори ман
Надидам чеҳраатро сер биё гарчӣ кунун аст дер
Умеди зиндагӣ будӣ ҳамеша марди кори ман
Бигӯ ногуфтаҳоятро басе зулму ҷафоятро
Ки рафтиву надонистӣ даме аз ҳоли зори ман
Чӣ шабҳое зи танҳоӣ зи бемориву раҳпоӣ
Мусибатҳо кашидам ман куҷо будӣ, ту ёри ман
Надидӣ ашку оҳамро басе рӯзи сиёҳамро
Нашуд як лаҳза во созӣ гиреҳ аз банди кори ман
Умедам буд баргардӣ, куҷо расми ҷавонмардӣ
Ҳамеша хоҳишам ин буд нагардӣ шармсори ман
Кунун ман гаштаам хомӯш, ки ҳарфатро намоям гӯш
Мазорам сабзаву гулпӯш, бигӯ чашминтизори ман
Абдусалом

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст