Кай сер ба фикри ғайр бедор шавад
В-аз нолаи камбағал хабардор шавад
Шукронаи ҳақ зи тандурустӣ накунад
Ин банда магар даме, ки бемор шавад
Бо кибру ғурур ба қудраташ менозад
Бечора замони марг ҳушёр шавад
Гар бандаи ту ба фикри нони поке
Бо такя ба ту равонаи кор шавад
Бо ҳиҷрату бо ғурбату бо заҳмати худ
Сахт аст даме ки бекасу ёр шавад
Хуршедсифат зи нуру файзаш борад
Магзор Худо ба нокасон зор шавад
Ҳар кас, ки тамаъ ба луқмаи ту дорад
Бадбахт ба зиндагониву хор шавад
Аз ранҷи ту эй азиз ҳар кас гӯяд
Худ аз ғами ту фисурда бемор шавад
Ҳарчанд ки зулмат аст имрӯз, вале
Хуршед ба ногаҳон падидор шавад
Абдусалом

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст