Хоҳарам эй ахтари рӯи замин

Зиндагиву насли инсонро нигин

То наяфтӣ макри шайтони лаин

Як назар амри Худоятро бибин  

Пӯш ҷисми хеш аз ағёрҳо

Дур шав аз заҳри рангин морҳо

Дар хиёбон чеҳра ороиш макун

Аз ҷавонон салби осоиш макун  

Хоҳари ман ин либоси танг чист?

Пӯшиши часпони рангоранг чист?

Хоҳарам эй ошиқи дини мубин

Як назар азвоҷи пайғамбар бубин

Пӯшиши Заҳрову Зайнаб беҳтарин

Роҳи поконро ба лутфи Ҳақ гузин  

Пеши номаҳрам ту таннозӣ макун

Бо шариат, бо худат бозӣ макун  

Аз нигоҳи кӯдаке гардӣ хиҷил

Гавҳари худро наяндоз рӯи гил

Хоҳарам дигар ту кӯдак нестӣ

Фош мегӯям: Арӯсак нестӣ

Ёд кун аз оташ рӯзи ҳисоб

То насозад оташаш ҷисмат кабоб  

Зулфро аз рӯймол берун марез

Пеши чашми дигарон афсун марез  

Ҳаст шайтон дар камину дар ситез

Бо Худо бошу зи шайтонҳо гурез  

Дар умури хеш саргардон машав

Дом баҳри чашми номардон машав  

Хоҳари ман чун гули наврастаӣ

Дасту поят бо гуноҳат бастаӣ

Хоҳарам дунёи фонӣ бигзарад

Дер ё зуд ин ҷавонӣ бигзарад

Арзишатро кард Ҳақ воломақом

Арзишатро ҳифз кун ту вассалом

Абдусалом

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст