Саҳар бархезу тоат кун, ки тоат беҳтарин кор аст,
Саодат он касе дорад, ки пеш аз субҳ бедор аст.
Дилам гӯяд, ки бархезам ҳаво гӯяд, ки дам дигар,
Ҳаворо зери по орам, ки он ҷо амри ҷаббор аст.
Чу мурғон ҳар саҳар гӯянд:" Қум ё айюҳалғофил"
Ки ту дар хобу нодонӣ, касе донад, ки бедор аст.
Аз ин беҳтар, ки бархезӣ, зи дида хуни дил резӣ,
Зи дасти ҷаҳл бигрезӣ, ки шайтон сахт маккор аст.
Аё эй Шамси Табрезӣ, гаҳе шаҳду шакар резӣ,
Агар сад сол бигрезӣ, ки охир марг дар кор аст

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст