Аз он ҳоле ба сар дорад, муҳоҷир
Худо танҳо хабар дорад, муҳоҷир
Надонад шод гардад ё ғамин ӯ
Замоне ки сафар дорад, муҳоҷир
Ҳама ғамҳои олам рӯи дӯшаш
Магар чизи дигар дорад, муҳоҷир
Куҷо бинад дами осоиши худ
Зи ёрон ҳам хатар дорад муҳоҷир
Агар лабханд дорад маззааш талх
Басе хуни ҷигар дорад муҳоҷир
Дуогӯяш шавед ёрон ба ҳар дам
Ду чашми чор ба дар дорад, муҳоҷир
Бувад модар ҳамеша ёди фарзанд
Дуогӯ чун падар дорад, муҳоҷир
Зани ту нест дар ғурбат, валекин
Ба ёдат дида тар дорад, муҳоҷир
Гаҳе фарзанди ту пурсад зи модар
Магар ӯ ҳам падар дорад, муҳоҷир
Барои луқмаи поке ҳамеша
Худоро дар назар дорад, муҳоҷир
Танат солиму рӯҳат бод ором
Шаби ҳиҷрон саҳар дорад, муҳоҷир
Абдусалом

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст