Саҳар чун дар ибодат пар кушудӣ
Нишастӣ бо Худо хилват намудӣ
Садо кардӣ Худоро ошиқона
Равон шуд ашки чашмат дона-дона
Азизо, бар мани мискин дуо кун!
Паёми мо равон сӯи Худо кун!
Дар ин моҳи саросар нуру раҳмат
Худо лоиқ намо ризвону ҷаннат!
Абдусалом

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст