می کشد مرا

Мекушад доногии ҷоҳил маро,

Ҳақнамоӣ кардани ботил маро,

Бок нест, гар дар набарди зиндагӣ,

Душмани доно шавад қотил маро,

Лек теғе аз забонаш мезанад,

Дӯсти нодон ҳар даме бар дил маро,

Дӯстон ҳақро ҳақи худ дидаанд,

Кардаанд овора аз манзил маро,

Киштишон дар баҳри орзу рафту монд,

Лангари таҷруба дар соҳил маро,

Дониши донишваронро суд чист?

Ин муаммо гаштааст мушкил маро,

Гарчӣ дидам хомтар аз худ, вале

Панд мебояд зи ҳар оқил маро.

Шаҳоби Ҳикмат

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст